КАМ Қазоқистон: Бахши афғонистонии ДИИШ мунтазам ба ҷанг алайҳи Русия даъват мекунад

Мақоми амниятии Қазоқистон бар ин назар аст, ки фаъолшавии ДИИШ* ва Ал-Қоида* дар Афғонистон ба кишварҳои СҲШ ва татбиқи нақшаҳои бузург хатар эҷод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раҳбарони гурӯҳи "Вилояти Хуросон*, як шохаи гурӯҳи байналмилалии террористии "Давлати исломӣ" пайваста ба ҷанги ҷиҳодӣ алайҳи Русия ва дигар кишварҳо даъват мекунанд.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Руслан Сейсембаев дар ифтитоҳи нишасти 40-уми Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай изҳор дошт.
"Таҳдиди бештарро афзоиши назарраси созмони байналмилалии террористии "Давлати исломӣ*" - "Вилояти Хуросон* ба миён овардааст. Тибқи ҳисобҳои гуногун, шумораи онҳо дар ин муддат аз 500 то 6 ҳазор нафари дигар террористони таълимёфта афзудааст", - гуфт мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин созмон пайваста на танҳо алайҳи Русия, балки алайҳи Чину Покистон ва дигар кишварҳо низ ба ҷиҳод даъват мекунанд.
Вай ёдовар шуд, ки маҳз ҳамин гурӯҳ ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатии Русия ва Покистонро ташкил карда ва дар куштори шаҳрвандони Чин дар як меҳмонхонаи Кобул низ масъул аст.
Аз ҷумлаи сабабҳои ташаккули таҳдидҳои террористӣ барои кишварҳои узви СҲШ, Сейсембоев афзоиши назарраси террористон дар Афғонистонро унвон кард.
Ӯ гуфт, ки ҷунбиши Толибон**, ки соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расид, то кунун натавонистааст як низоми муассири ҳукуматро эҷод кунад ва назорат ва амнияти дурустро таъмин кунад. Ин кишвар ҳамчунон маркази ҷалби гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ боқӣ мемонад.
СААД аз ҷобаҷоии ҷангҷӯёни ДИИШ* дар шимоли Афғонистон хабар дод
Илова бар ин, ба гуфтаи вай, Вилояти Хуросон* ва Ал-Қоида*, ки низ дар Афғонистон қарор доранд, барои кишварҳои узви СҲШ хатар эҷод мекунанд.
"Ал-Қоида* дар Афғонистон мустақар буда, шумори онҳо то 500 ҷангҷӯро дар бар мегирад. Ҳарчанд Вилояти Хуросон* ва Ал-Қоида як бахше аз ин қаламравҳоро назорат мекунанд, аммо онҳо қодир ба анҷоми ҳамалоти пурсарусадо ва печида ҳастанд. Вазъият ба татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёс дар қаламрави кишварҳои СҲШ таҳдиди воқеӣ эҷод мекунад", - таъкид кард Сейсембаев.
Ёдовар мешавем, ки дар Остона ҷаласаи 40-умин солгарди Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд, ки дар он ҳайатҳои мақомоти салоҳиятдори Ҳинду Эрон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
** Ҳаракат барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад