Гузашти низомӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор низомӣ дар Душанбе

Ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар паради ҳарбӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Наздики 20 ҳазор низомӣ дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар гузашти ҳарбӣ бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардид.
Манбаъ афзуд, ки Эмомали Раҳмонро дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерал-полковник Шералӣ Мирзо пешвоз гирифтанд.
"Муддати тӯлонӣ нест, аммо беназир": Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва мардуми Тоҷикистонро бо ду ҷашни бузург шодбош гуфт.
Дафтари матбуот мегӯяд, баъди суханронии раисҷумҳур ва зимни иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тупҳо 30 шиллик парронда шуд.
Дар пайи он гузашти ҳарбии ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва занону бонувони артиш баргузор гардид, илова намуд манбаъ.