Аз Байден то Ҷабборов: Киҳо Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолаш табрик карданд?

Як қатор сарони давлатҳо унвонии президенти Тоҷикистон барқияҳои табрикӣ ирсол намуда, ба рушди кишвар дар солҳои истиқлол баҳои баланд доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар робита ба таҷлили 32-умин солгарди Рӯзи истиқлол дар Тоҷикистон ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон номаву барқияҳои шодбошӣ ворид мешаванд.
Ҳамин тавр, паёмҳои идона аз ҷониби раҳбарони Русия Владимир Путин, Чин – Си Ҷинпин ИМА – Ҷо Байден, Беларус – Александр Лукашенко, Озарбойҷон – Илҳом Алиев, Фаронса – Эммануэл Макрон, Арабистони Саудӣ – Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Покистон –Ориф Алвӣ ва Императори Ҷопон – Нарухито ворид шудааст.
Паёмҳои табрикӣ аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон – Содир Ҷабборов ва Туркманистон – Сардор Бердимуҳамедов низ ворид шудаанд.
Гузашти низомӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор низомӣ дар Душанбе
Аз ҷумла Мирзиёев дар паёмаш аз равобити гарми бесобиқа тайи солҳои ахир миёни Душанбе Тошканд ёдовар шуда, афзудааст, ки дар нишастии қарибулвуқӯи машваратии сарони минтақа дар Тоҷикистон авлавиятҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаамонро боз ҳам мушаххас месозем.
Тоқаев бошад, аз дастовардҳои Душанбе гуфта, таъкид менамояд, ки ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон бо муҳтавои нав ғанӣ гашта, пурра ҷавобгӯи сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мебошад.
Сардор Бердимуҳамедов низ бо зикри пешрафтҳои дар замони истиқлол гуфтааст, ки Туркманистон ба тавсеа ва рушди равобити дуҷониба бо Тоҷикистон аҳамияти хосса зоҳир менамояд.
Содир Ҷабборов ҳам дар паёмаш дар идомаи табрикоташ гуфтааст, бовар дорад, ки муносибатҳои миёни ду кишвар дар заминаи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таҳким ва таъмиқ хоҳанд ёфт.
Ҳамзамон ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро собиқ президентҳои Қазоқистону Туркманистон Нурсултон Назарбоеву ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов табрик кардаанд.
"Муддати тӯлонӣ нест, аммо беназир": Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт
Дар табрикот аз дастовардҳои Душанбе дар солҳои истиқлолият, аз ҷумла рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва афзоиши нақши кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шудааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба тоҷикистониён паёми табрикотӣ ирсол намуда, қайд кард, ки “дар муқоиса бо таърихи бостонии мардуми мо ин марҳала чандон тӯлонӣ нест, вале аз нигоҳи мизони корҳо беназир маҳсуб мешавад”.
Ӯ дар суханронии худ на танҳо дастовардҳо, балки таҳдидҳо ба кишвар ва тамоми ҷаҳон – низомишавӣ, шиддат гирифтани ҷанги сард, терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ, ки дар муқобили онҳо шаҳрвандон бояд гирдиҳам омада, муттаҳид шаванд