ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки ин зане, ки кӯдакашро дар як навор латукӯб мекард аз сӯйи кормандони милитсия боздошт шудааст.
Ахиран дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки зане духтарчаи хурдсолашро бо химча латукӯб мекунад ва мегӯяд ҳамааш аз пушти падарат!.
“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - иттилоъх додааст Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.
Ба иттилои ВКД ин нафар шаҳрванд Нурова Хоҳарвӣ Маҳмахолиқовна, соли таваллудаш 1995, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки духтари ноболиғаш Нурудинзодаи Закиябону, соли таваллудаш 2022-ро лату кӯб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд дида мешавад, ки як зан кӯдаки оҷизро танҳо барои он ки либосашро чиркин кардааст, бо химча бераҳмона мезанад ва ҳар лаҳза таъкид мекунад, ки “бигузор авоят (яъне падарат) бубинад, ки ман туро чӣ кор мекунам! Ҳамааш аз пушти падарат! Ана акнун авоят тамошо кунад, ки ман туро чӣ хел мекушам! ”
Ҳамчунин чанде пеш як зане, ки дар як навори дигар, фарзандашро бераҳмона латукӯб мекунад ахиран аз сӯйи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шуд.