Ваъдаи IRS барои такрор нашудани камбудиҳо дар масири Душанбе - Чаноқ

Моҳҳои охир шаҳрвандон унвонии ширкати Innovative Road Solutions, масъули нигоҳдории ягона роҳи пулакии Тоҷикистон аз торикии нақб шикоятҳо мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Мушкилоти марбут ба рӯшноӣ дар нақби "Шаҳристон", ки вақтҳои охир боиси нигаронии мусофирону ронандагон гардид, бартараф шуд.
Дра ин бора ширкати Innovative Road Solutions, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи пайвандагри марказу шимоли Тоҷикистон машғул аст, хабар дод.
Манбаъ зикр намуд, ки вақтҳои охир дар масъалаи таъминоти рӯшноӣ дар нақб, муроҷиату нигаронии мусофирон зиёд шуда буд.
Берун аз уҳдадории худ: Ширкати IRS роҳи самти Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ кард
"Дар заминаи андешидани чораҳои дахлдор, мушкили зикршуда пурра бартараф ва нақби мазкур аз нав чароғон гардид", - омадааст дар иттилоия.
Ширкати мазкур ба ронандагону мусофирон барои таҳаммулпазирӣ арзи сипос намуда, ваъда додааст, ки тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод, то чунин камбудӣ минбаъд ба миён наояд.
IRS қаблан изҳор дошта буд, нақби “Истиқлол”, ки аз вазъи он мардум бештар нигарон мебошанд, дар салоҳияти ширкат нест.
Маврид ба зикр аст, ки филиали ширкат нигоҳдории 348 километр роҳро ба зимма дорад.