ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Хадамоти федералии амният ё худ ФСБ-и Русия як гурӯҳи қочоқчиёнро, ки қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангиро ба Аврупо мефурӯхтаанд, ошкор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, таҷҳизоти мазкур аз ҷумла барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина интиқол медоданд.
"Фаъолияти як гурӯҳи муташаккил, ки ба муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти низомӣ, аз ҷумла интиқоли ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётии техникаи авиатсионии ҳарбӣ ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ машғул буданд, ошкор шуд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аъзои гурӯҳ дар Русия қисмҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангиро харида, баъди таъмир ба муштариёни хориҷӣ, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мефурӯхтанд.
ФСБ афзуд, ки аз гуруҳ зимни боздошт беш аз 100 адад маҳсулот барои ҳавопаймоҳои низомӣ, 117 ҳазор доллар ва 59 ҳазор евро мусодира шудааст.
"Дар бораи ширкати боздоштшудаҳо дар ташкили корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар робита ба ҷузъҳои ҷузъҳои ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомии Украина далелҳои санадӣ дарёфт карда шуданд", - гуфт ФСБ.
Ниҳоди мазкур таъкид намуд, ки дар робита ба қочоқи техникаи низомӣ аз ҷониби як гурӯҳи муташаккил парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.