ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Таҷлили ҷашни Истиқлол дар боғҳои Душанбе аз ҳозир оғоз гардида, беш аз як ҳафта давом хоҳад кард.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло дар ҳама боғҳои фарҳангӣ - фароғатии пойтахт барномаҳои консертӣ шомгоҳон доир шуда, он то 13 сентябр давом мекунад.
Мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон аз ин ниҳод таъкид кард, ки чорабиниҳои асосии ҷашнӣ дар Душанбе шоми 9 сентябр дар майдони "Истиқлол" доир мегардад.
Дар ин чорабинӣ иштироки васеи сокинону меҳмонон пойтахт дар назар буда, ба барномаи фарҳангӣ дар он ситораҳои эстрадаи кишвар ҷалб гардидаанд.
"Омодагиҳо барои баргузории баномаи фарҳангӣ, ки рӯзи 9 сентябр пас аз соати 18:00 доир шавад, феълан идома доранд", - афзуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки тоҷикистониён дар арафаи солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ 3 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ гуфт, азбаски 9-уми сентябр ба рӯзи шанбе рост меояд, рӯзи душанбеи 11 сентябр низ таътил хоҳад буд.
Ҳамин тавр ба иттилои манбаъ, сокинони кишвар рӯзҳои 9,10 ва 11 сентябр истироҳат хоҳанд кард.