Ҳамбастагии бештари Чин бо кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё

Ба шарофати ҳамбастагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Русия ва Чин метавонанд нуқтаҳои нави пайвандӣ пайдо кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳамоҳангсозии барномаи "Як камарбанд, як роҳ" бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Ин нуктаро сафири Чин дар Русия, Чжан Ханхуэй зимни ҳамоиш бахшида ба 10-солагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи таҳкими шарикӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт меравад.
"Ҳамбастагии ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бо ИИАО маънои имконоти нав барои ҳамкориҳои моро дорад. <...> Ман боварӣ дорам, ки ин ҳамоҳангӣ ба таҳкими ҳамкориҳои мо мусоидат мекунад", - изҳор доштаст сафир.
Вай ҳамкориро дар шароити кунунӣ махсусан муҳим хонда, афзудааст, ки он барои Чин ва Русия муҳим мебошад.
Дипломат таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки феълан қисми умдаи маҳсулоти энергетикии Русия ба Чин равона мегардад.
Ӯ бо таъкиди таҳкими тиҷорат миёни Маскаву Пекин илова намуд, ки ҳамоҳангсозии меъёрҳо дар самти танзими пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо идома доранд.
Лавров: 90% табодули коло дар қаламрави ИИАО бо пули миллӣ сурат мегирад
Ханхуэй бо зикри афзоиши тарафайни донишҷӯёни русиягӣ ва чинӣ дар қаламрави ҳамдигар аз таҳкими ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ истиқбол намудаст.
Вай изҳори боварӣ намудаст, ки заминаю зарфияти нави ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бештар мегардад.