Занони роҳбар дар Осиёи Марказӣ баробарии гендериро баррасӣ мекунанд

Намояндагони давлатҳои минтақа аз рӯи натиҷаҳои мулоқот вазифаҳои ҳамкориро муайян намуда, инчунин ба унвони сарони давлатҳо изҳорот қабул мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Рӯзи 14 сентябр дар Душанбе занони раҳбар баробарии гендериро дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунанд.
Ин нишаст дар чаҳорчӯби нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад.
Муҳокимаҳо дар ду марҳила сурат мегиранд: дар марҳилаи аввал масъалаҳои ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ва мавзӯи иҷлосияи дуюм "Ташаббусҳои экологӣдар Осиёи Марказӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор" хоҳад буд.
Бар асоси натоиҷи ин нишаст намояндагони кишварҳои минтақа вазифаҳои ҳамкориро муайян мекунанд ва ҳамчунин баёнияе ба унвони раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул мекунанд.
Душанбе ба солгарди нишасти машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагӣ мегирад
Илова бар ин, иштирокчиёни Ҷаласаи вилоятӣ қасд доранд, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан кунанд.
Боздиди меҳмонон аз НОБ-и Норак низ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки панҷумин нишасти машваратии руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ҳамоиш таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Маълум аст, ки ширкаткунандагони нишаст самаранокии татбиқи қарордодҳои мавҷударо баррасӣ намуда, ҳамчунин созишномаҳои нав, аз ҷумла дар соҳаи нақлиётро ба имзо мерасонанд.