Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли СААД чӣ масаъаларо баррасӣ кард?

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад ва алакай бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дидору мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов дидору гуфтугӯ кардю
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дабири кулли СААД дар кишвар бо сафари корӣ қарор дорад.
Қайд карда шуд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳбари КҲФ Тоҷикистон дар нишасти СПАД ширкат мекунад
Инчунин дар мулоқот, дар бораи муҳтавоии ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин иҷлоси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор анҷом доданд.
Вазорати хориҷаи кишвар таъкид кардааст, ки вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 6 давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иборат мебошад.