Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Даҳҳо ҳазор кушта: Шойгу дар бораи талафоти Украина зимни ҳамлаи ҷавобӣ гуфт

Ба гуфтаи вазири дифоъ, дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Аз оғози амалиёти ба истилоҳ ҷавобӣ, артиши Украина беш аз 66 ҳазор нафар ва 7600 техникаро аз даст додааст.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо раҳбарияти нерӯҳои мусаллаҳ изҳор дошт.
"Бо вуҷуди талафоти азим, режими Киев моҳи сеюм аст, ки талош дорад амалиёти ба истилоҳ зиддиҳамларо анҷом диҳад. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ як самт ба ҳадафҳои худ нарасидаанд", - гуфт мавсуф.
Ӯ қайд кард, ки дар самти Запороже вазъияти тезу тундтарин ба амал омад, ки дар он ҷо душман захираи стратегӣ гуруҳҳоро ба ҷанг овард.
"Қӯшунҳои мо дар самтҳои Купянск ва Кременск қатъиян амал карда, шаҳраки Новоселовскоеро озод карданд ва мавқеъи худро дар хати ҷабҳа ба таври қобили мулоҳиза беҳтар карданд", - таъкид кард Шойгу.
Вазири дифоъ дар идома гуфт, артиши Русия ба тахриби зерсохтори низомии Украина идома медиҳад.
Ба таъкиди вай, моҳи август 34 нуқтаи фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина мавриди ҳамла қарор гирифт.
Аз созиши ғалла то вазъияти Украина: музокироти Путин ва Эрдуғон дар Сочи анҷом ёфт
Ғайр аз ин, дар давоми як моҳи охир 159 мушаки HIMARS, зиёда аз ҳазор ҳавопамои бесарнишин ва 13 мушаки болдор зада нобуд карда шуд.
Амалиёти зиддиҳамлаи Украина дар самтҳои ҷануби Донетск, Артёмовск ва Запороже рӯзи 4 июн оғоз шуд.
Киев гуруҳҳои ҷангиро, ки НАТО таълим дода буданд ва бо техникам Ғарб мусаллаҳ буданд, ба ин самт партофт.
Владимир Путин изҳор дошт, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Украина ноком шуд.