ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҳамоиши дувуми ректорони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи панҷуми солгарди машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябр дар пойтахти ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ба нақша гирифта шудааст, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин ҳамоиш дурнамои рушди ҳамкориҳо дар заминаи илму маорифро баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, дар ҷаласа вазирони маориф низ ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки Содиқ Имомӣ, муъовини умури хориҷаи Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои 14-15 сентябр Душанбе мизбони нишасти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо - муассисони Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал мешавад.
Нишаст таҳти раёсати раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Дар доираи саммит як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд:
форуми иқтисодӣ;
намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ;
мулоқоти аъзои Муколамаи занони роҳбар дар ОМ;
намоишгоҳи рассомон;
фестивали таомҳои миллӣ;
вохурии вазирони нақлиёт ва барномаи фарҳангии устодони фарҳангу санъати кишварҳои ОМ.