ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои изтирории кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат мекунад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти КҲФ-и ҷумҳурӣ иттилоъ дода, гуфтанд, ки мулоқот дар Минск баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, ширкаткунандагон масъалаҳои таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро таҳти сарпарастии СПАД баррасӣ хоҳанд кард.
Иштирокчиён инчунин натоиҷи машқҳои "Рок-2023", "Арктикаи бехатар-2023"-ро ҷамъбаст намуда, натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар давраи ҳисоботиро баррасӣ мекунанд ва нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли оянда тасдиқ менамоянд
Ёдовар мешавем, ки дар размоишҳои муштарак ва вижаи кишварҳои узви ин созмон, ки аз 1 то 6 сентябр баргузор мешавад, то 3,7 ҳазор нафар ҷалб карда мешаванд.
Дар тамринҳо наҷотдиҳандагони тоҷик низ ширкат доранд.
Наҷотдиҳандагони СПАД малакаҳои вокуниши муштарак ба садамаҳои радиатсионӣ дар биноҳои харобшуда, рафъи садама бо мавҷудияти манобеъи радиатсияи иондор дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоӣ, инчунин анҷом додани корҳои наҷот дар маҳалҳои харобшавии биноҳоро тамрин мекунанд.
Гуфта мешавад, ки баргузории ин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД, таъмини илмию техникӣ ва омодагии махсус мусоидат мекунад.