ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Душмани Русия на мардуми Украина, балки нозиёни ғайриинсонӣ ва “пайравони онҳо ҳастанд”, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти “Победа”.
“Нофаҳмӣ набошад, ки мо бо кӣ меҷангем, маълум ва равшан аст, ки мо чӣ ҳадафҳоро дунбол мекунем ва рақиби мо кист – на мардуми Украина, балки ғайриинсонҳо (нозиён) ва пайравони онҳо”, - гуфт Путин.
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия илова кард, ки мақомоти кунунии Украина қаҳрамонон - қотилони хунхоро қаҳрамон кардаанд ва бо аксҳои онҳо дар маркази шаҳр гирдиҳамоиӣ роҳандозӣ мекунанд.
"Мо бояд нишон диҳем, ки дар оянда чунин ҳодиса такрор нашавад, нишон диҳем, ки мақомоти кунунии Украина киро ба минбар гузоштаанд ва киро ситоиш кардаанд. Охир, мо гуфтем, ки ҳама корро бо тартиб бояд кард”, гуфт Путин.
Президент қайд кард, ки ҳангоми ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар бораи ҷанги дуюми ҷаҳон назар кардан бе ашк ғайри имкон аст.