Иштироки 15 ширкати бузурги Қазоқистон дар Бизнес-форуми Душанбе

Дар нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад.
Дар ин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Бизнес-форум дар пойтахти кишвар рӯзи 12 сентябр, баргузор мешавад.
Ҳайати мазкур аз намояндагони бахши хусусии Қазоқистон дар соҳаҳои омехта, ба монанди хӯрокворӣ (истеҳсоли равған, орд, макарон, қаннодӣ, гӯшт), хоҷагии қишлоқ (истеҳсоли хӯроки чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакаҳо, истеҳсоли трансформатор, нуриҳои фосфатӣ, истеҳсол ва фурӯши муҳаррикҳои дизелӣ, маҳлулҳои фасадӣ, конструксияҳои металлӣ, соҳаи кӯҳканӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва ғайра иборат мебошад.
Тоқаев ҳам пешвоз гирифту ҳам гусел кард: Анҷоми сафари Раҳмон ба Қазоқистон
Дар маҷмуъ дар Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон 15 ширкати қазоқистонӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қазоқистон 25 августи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон ба пойтахти Қазоқистон сафари корӣ анҷом дода буд.
Зимни сафараш роҳбари Тоҷикистон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқотҳо "масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ" баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, раҳбарони ҷумҳуриҳо дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ширкат карданд.