ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Русия дар доираи татбиқи талаботи регламенти техникии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар бораи бехатарии маҳсулот дар цаламрави созмон, таҳияи 40 стандартро дар ин самт ба нақша гирифтааст.
Дар ин бора ба РИА "Новости" муовини сардори Пажӯҳишгоҳи умумирусиягии мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода Игор Сосунов хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз 1 июни соли равон дар кишварҳои ИИАО тамоми маҳсулоте, ки барои мудофиаи шаҳрвандӣ ва муҳофизат аз ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд бояд сертификатсияи ҳатмӣ гузарад.
Регламенти техникӣ бори нахуст талаботи ягонаро муқаррар кардааст, ки риояи онҳо барои истеҳсолкунандагони кишварҳои ИИАО – Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон ҳатмист.
"Барои мутобиқгардонии истеҳсолкунандагон ба низомномаи нав, инчунин барои ташаккул ва аккредитатсияи мақомоти иҷозатномадеҳ ва озмоишгоҳҳо давраи гузариш то 1 январи соли 2025 пешбинӣ шудааст",- афзудааст манбаъ.
Ба таъкиди вай, низомномаҳои байнидавлатии татбиқи регламентҳои техникии ИИАО мувофиқи барномае, ки Раёсати Комиссияи иқтисодии Авруосиё тасдиқ кардааст, таҳия карда мешаванд.
"Тибқи харитаи роҳ, мутахассисони Институти умумирусиягии тадқиқотии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи техникии стандартизатсия "Мудофиаи шаҳрвандӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода" 40 стандарти байнидавлатиро барои тасдиқ таҳия ва омода мекунанд",- гуфт Сосунов.
Вай қайд кард, ки аз ҷумла, як қисми стандартҳо мутобиқи шартҳои регламенти техникии созмон аз нав дида баромада ва нав карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, анҷоми барнома бо назардошти он, ки барои таҳияи ҳар як лоиҳаи ҳуҷҷат мутобиқи талаботи низоми байнидавлатии стандартизатсия то ду сол вақт ҷудо карда мешавад, дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, гуфт мавсуф.