ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминчунбии навбати рух дод.
Дар ин бора коршиносони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар доданд.
Заминларза ба шиддати 4,8 бала субҳи 4 сентябр соати 12:08 ба вақти маҳаллӣ (07:08 ба вақти Душанбе) дар ноҳияи Шуғнон ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминларза дар умуқи 158 километри сурат гирифтааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи хисорот то ҳол хабар надодааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ низ хабаре нест.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи август бар асари боришоти тӯлонӣ ва шадид дар Ҳисор, Ваҳдат иншооти зербиноӣ ва биноҳои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ диданд.
Тибқи маълумоти ахир, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бар асари обхезӣ ва ярч 21 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯшан кард, ки дар Ваҳдат 17 нафар, дар ноҳияи Рӯдакӣ 2 нафар ва дар ноҳияи Варзоб 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.