ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон барои мулоқот бо интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд.
Дар ин бораи дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
“Вакилон давоми як ҳафта - аз 4 то 11 сентябр бо интихобкунандагони худ мулоқоту суҳбатҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ва қарору қонунҳои нав қабулнамудаи ин мақоми олии қонунбарор суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамчунин вакилони парлумони кишвар дар маҳалҳо бо ҳайатҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот хоҳанд кард.
Пас аз бозгашт ба пойтахт вакилони мардумӣ назари интихобкунандагонро оид ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ба ҳукумати кишвар мерасонанд.