Путин ба Эрдуғон: мо барои музокирот бозем

Дар қароргоҳи раисҷумҳури Русия дар Сочи музокирот бо роҳбари Туркия дар ҳайати васеъ оғоз шуд, ки дар он баррасии масоили дуҷонибаю байналмилалӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Сочи бо ҳамтои туркаш, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, масоили мухталиф аз хаби газӣ то созиши ғалларо баррасӣ мекунанд.
Путин дар мулоқот бо Эрдуғон масоил барои баррасӣ, аз ҷумла дар бахши таъмини амният дар минтақа бисёр аст.
"Албатта, масъалаҳои марбут ба бӯҳрони Украинаро нодида намегирем. <...> Аз нияти суҳбат дар мавриди созиши ғалла огоҳам. Мо барои музокира бозем", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Путин ҳамчунин гуфт, татбиқи тарҳи нерӯгоҳи барқи атомии "Аккую" дар Туркия тибқи нақша пеш рафта, фаъолсозии марҳилаи аввали он соли 2024-ум дар назар аст.
"Дар соҳаи энергетика хеле устуворона пеш рафта истодаем, байни таъминкунандагони асосӣ, муҳаррикҳо аз ҳарду ҷониб созишномаҳо ба даст омадаанд", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Туркия дар навбати худ гуфт, ки музокироти ду раҳбар дар мавриди созиши ғалла барои ҷаҳон ва кишварҳои африқоӣ муҳим хоҳад буд. Вай дар бораи муносибатҳои дуҷониба сухан ронда, қайд кард, ки Маскав ва Анкара "давраи комилан дигарро" аз сар мегузаронанд.
"Мо хеле шодем, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии мо дар ҳоли ҳозир 62 млрд доллар аст ва мо ба сӯи ҳадафи худ - 100 млрд доллар ҳаракат карда истодаем", - гуфт Эрдуғон.
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Вай афзуд, ки бо Русия дар бахши энержӣ, бахусус дар бахши гази табиӣ ҳамкориҳои сатҳи баланд доранд, ки минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Роҳбари Туркия ҳамчунин муҳим будани гузаштан ба пули миллӣ дар ҳамкориҳои дуҷонибаро изҳор дошт.
"Ман бовар дорам, ки дар ин ҷо мулоқоти сарони бонкҳои марказии мо дар самти гузариш ба пули миллӣ дар равобити дуҷонибаи мо муҳим аст", - илова намуд вай.
Қаблан манобеъи рӯзномаи туркии Milliyet хабар дода буданд, ки Эрдуғон ба раисиҷумҳури Русия дар масъалаи Украина миёнаравӣ пешниҳод мекунад. Расонаҳои дигар навиштаанд, ки раҳбарони ду кишвар табодули асирони ҷангӣ миёни Маскав ва Киевро баррасӣ хоҳанд кард.