Пешгӯии борони кӯтоҳмуддату раъду барқ дар Тоҷикистон

Молния, архивное фото
Дар пасманзари боронигариҳои шадиди рӯзҳои охири моҳи август, ки талафоти ҷонию моддӣ дар пай гузоштанд, ҳавошиносон боз боришотро пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бархе навоҳӣ борону раъду барқ дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво дар кишвар аз -4 дараҷа хунук дар шарқи ВМКБ то 34 дараҷа дар навоҳии марказию ҷануби кишвар пешгӯӣ мегардад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда, фаро гирифта, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мегардад.
Сели в Таджикистане
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Дар вилояти Хатлон боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм дар назар аст.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона ба 17+19 дараҷа гарм ва рӯзона ба 31+33 дараҷа гармӣ баробар мегардад.