Ғолибони Ниммарафони дуюми кӯҳӣ маълум шуданд

Дар Ниммарафони дуюми кушоди кӯҳӣ, ки дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент баргузор варзишгарони 13 давлати хориҷӣ иштирок доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Ниммарафони дуюми кушоди кӯҳӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар марафони мазкур варзишкорон , варзишгарон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва намояндагони 13 давлати хориҷӣ иштирок доштанд.
Беш аз 70 нафар варзишгарон ва дӯстдорони варзиш аз Тоҷикистон, Чин , Руссия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Покистон, Австрия, Нигерия, Зимбабве иштирок намуданд.
Ҳамаи варзишгарон масофаи 21 км 97 метрро тай намуда, аз зебоиҳои Ҳафткӯл ҳаловат бурданд.
Баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Хуҷанд
Баъзе аз иштирокчиён давандаҳои ҳаваскор буда, танҳо барои тамошо ва хушҳолӣ ин масофаро тай намуданд ва бо зебоиҳои Ҳафткӯл ва Тоҷикистони шинос шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки ниммарафони варзишӣ бо ибтикори Мақомоти шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки кишвар ва ширкати сайёҳии "Сайри Бӯстон" доир гардид.
Ғолибони ниммарафони дуюми кӯҳӣ дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент:
Мардон
Зуҳуршои Наҷмиддин (Тоҷикистон)
Самариддин Азимов (Тоҷикистон)
Бобоҷон Якимов (Тоҷикистон)
Бонувон
Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)
Маҳина Баротова (Тоҷикистон)
Марҷона Маҳкамова (Тоҷикистон)
Ба ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофоти пулӣ инъом гардид.