Бозсозии қалъаи сеҳазорсолаи Тоҷикистон ба ривояти тасвир - аксҳо

Қалъаи бостонии Хуҷанд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, бар асоси санадҳои таърихӣ бозсозӣ шуда, ба ин кор садҳо нафар ҷалб гардидаанд
Sputnik
1 / 12

Масоҳати умумии қалъа, ки феълан бозсозии он ҷараён дорад, 6 гектарро ташкил медиҳад.

2 / 12

Лоиҳаи бозсозӣ аз бинои маъмурӣ, осорхона, маҳаллаи қадимаи шаҳр, чойхона, ҳаммомхона, меҳмонхона, девори қадимаи ҳокимнишин, растаҳои савдо иборат мебошад.

3 / 12

Дар маҳаллаи бунёдшаванда ҳавлиҳои қадимӣ низ сохта мешаванд.

4 / 12

Аз ҷумла ҳавлии ҳунармандон - кулолгарон, сангтарошон, заргарон, тоҷирон, табибон, хаттотон, оҳангарон низ бунёд мегардад.

5 / 12

Ҳар як ҳавлӣ дар қалъаи бозсозишаванда муаррифкунандаи таърихи асрҳои ХV-ХVI хоҳад буд.

6 / 12

Дар бинои осорхона бошад, панҷ толор бунёд мегарданд, ки ҳар як толор тақсимбандӣ шудааст.

7 / 12

Аз ҷумла толори илмӣ - адабӣ, бостоншиносӣ, Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, санъати тасвирӣ, таърихи шаҳри Хуҷанд бунёд мегарданд.

8 / 12

Даромадгоҳи асосии қалъа аз дохили боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва се даромадгоҳи иловагӣ аз тарафи девори ҷанубӣ гузошта мешавад.

9 / 12

Дар баробари ин дар саҳни қалъа ду фаввораи калон бунёд меёбад.

10 / 12

Корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешавад.

11 / 12

Феълан дар бозсозӣ беш аз 100 ҳунарманд ва зиёда аз 300 сохтмончӣ машғули коранд.

12 / 12

Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки корҳо босифат ва саривақт анҷом дода шаванд.