ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Қитъаи "Қизилқалъа –Бохтар"- и роҳи автомобилгарди "Душанбе –Бохтар" мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи он Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Акихико Танака ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок намуданд.
Вазири нақлиёт ба ҳукумати Ҷопон барои кумак ва дастгирии доимии рушди нақлиёт ва дигар соҳаҳои ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Бохтар" моҳи июни соли 2021 оғоз ёфта, моҳи майи соли 2023 пурра ба анҷом расиданд.
Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон 3,2 млрд йени ҷопонӣ (тақрибан 31 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар татбиқи лоиҳа 30 нафар мутахассиси хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ, инчунин техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонии ҳозиразамон ҷалб гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки 24 апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда буд.
Президенти JICA Акихико Танака аз ҳамкории Ҷопон бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳори каноатмандӣ намуда, аз лоиҳаҳои дигари Агентии ҳакмкории байналмилалии Ҷопон дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ёдовар шуд.