ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода кормандони соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон ва собиқадорони бахшро бо иди касбиашон шодбош гуфт.
Ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кормандони соҳаи авиатсияи кишвар низ иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки ба 3 сентябр рост меояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар паёми шодбошияш зикр намудаст, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян шудаст.
Ӯ зикр намуд, ки авиатсияи гражданӣ дар кишвар рушд ёфт, робитаҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик роҳандозӣ гардидаст.
"Басо рамзист, ки фурудгоҳ дарвозаи рамзии кишвар буда, меҳмонон аз хориҷи дуру наздик тасаввуроти аввалинро аз маданияту фарҳанги давлату миллат аз ҳамин даргоҳ пайдо мекунанд", - гуфт ӯ.
Аҳмадзода бо зикри ин нукта таъикд намуд, ки ин масъулияти баланд кормандони фурудгоҳро водор месозад, ки ба анъанаҳои аҷдодӣ содиқ монда, фарҳанги тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки расо 99 сол қабл, 3 сентябри соли 1924 тайёраи тамғаи Ю-13 нахустин бор аз Бухоро ба Душанбе парвоз карду ба таърихи ҳавонавардии Тоҷикистон оғоз бахшид.