Лавров: 90% табодули коло дар қаламрави ИИАО бо пули миллӣ сурат мегирад

Вазири хориҷаи Русия ахиран эълон кард, ки 90% гардиши молу коло дар қаламрави ИИАО дар соли 2023 бо асъори миллӣ сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ахиран дар бораи афзоиши тиҷорат бо пули миллӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Вай гуфт, 90% табодули коло миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли равон бо пули миллӣ сурат мегирад.
“Агар хато накунам, дар соли гузашта 76 дарсади муомилоти мутақобила ва ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё на бо доллар, балки бо асъори миллӣ ва кишварҳои дӯст сурат гирифт. Дар соли ҷорӣ бошад, 90% дар назар аст", - гуфт ӯ.
Лавров бо ҳамтои қазоқаш аз ҳамкориҳо дар доираи ИИАО гуфт
Ба гуфтаи вазир, раванди беқурбшавии доллар ҳадаф ИИАО нест, вале кишварҳои иттиҳод бояд худро аз “худсарӣ ва ҳавасҳои” ИМА ҳифз кунанд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз кишварҳои узви БРИКС даъват кард, ки ҳисоббаробаркуниро бо пули миллӣ ва ҳамкориҳои байнибонкиро густариш диҳанд.