Иштироки 11 паҳлавони номдори тоҷик дар Бозиҳои Осиёии Чин

Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, 11 ҷудокор намояндагӣ хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ дар Чин иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 19 сентябр то 5 октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Чин баргузор мегарданд.
Қайд карда шудааст, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд дар намуди варзишии ҷудо 11 варзишгар намояндагӣ менамоянд.
Аз ҷумла Тоҷикистоно дар ин мусобиқаи бонуфуз Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг), Мавлуда Одинаева (то 57 кг), Меҳрзод Суфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг) ва паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов муаррифӣ хоҳанд кард.
Беҳтарин ҷудочиёни ҷавони Тоҷикистон маълум шуданд
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи бузурги Zagreb Grand Prix 2023 мебоист 5 нафар намояндагӣ кунанд, аммо бо сабаби мушкили раводид се паҳлавон рафта натавонистанд.
Ба ҳамин тартиб дар мусобиқаи бонуфузи Zagreb Grand Prix 2023 Тоҷикистонро танҳо ду нафар намояндагӣ карданд.