ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Роҳбари театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода дар Фестивал - симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ пешниҳод кардааст.
Тавре сомони “Ҷумҳурият” хабар додааст, ахиран рассомон, сарояндаҳо, дипломатҳо дар пойтахти фарҳангии ИДМ-2023 – Санкт-Петербург барои муайян намудани имкониятҳои нав дар соҳаи санъат ва эҷоди муоширати муассири байнифарҳангӣ ҷамъ омаданд.
Фестивал – симпозиуми байналмилалӣ як лоиҳаи Фонди ҷамъиятии хайрияи Ирина Богачёва мебошад, ки дар якҷоягӣ бо доираҳои эҷодӣ ва иҷтимоии Русия амалӣ мешавад.
Дар Фестивал директори Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода сухан ронда, дар бораи рушди босуръати робитаҳои театрҳо тавсеаи муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ таъкид намуд.
Ҳамчунин, пешниҳод кард, ки Шурои ҳамоҳангсозии театрҳои опера ва балети кишварҳои ИДМ таъсис дода шавад.
“Табодули таҷриба, ҳалли фаврии мушкилот, таъсиси фазои ягонаи электронии асарҳои муаллифони мусиқии муосир самаранокии муносибатҳои моро афзоиш медиҳад ва ин ба мо имконияти бохабар будан аз рӯйдодҳои ҳаёти фарҳангии ҳамдигарро хоҳад дод”, – гуфт Камолиддин Сайфиддинзода.
Пешниҳод аз ҷониби дигарон дастгирӣ ёфт ва онҳо, аллакай, ба татбиқи лоиҳа шуруъ карданд.
Ба иттилои манбаъ, Шурои ҳамоҳангсозӣ як ниҳоди коллегиалӣ хоҳад шуд, ки дар он ба театри тоҷик ҳамчун ташаббускори таъсиси ниҳод то соли 2025 ҳаққи роҳбарӣ дода мешавад.