ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Таърихи Афғонистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳеҷ нерӯе ба танҳоӣ натавонистааст, зимоми қудратро дар дасташ нигоҳ дорад.
Ин нуктаро фиристодаи вижаи Эрон ва кордори умури Афғонистон, Ҳасан Козими Қумӣ баён доштааст.
Sputnik Афғонистон аз қавли Қумӣ овардааст, ки мушкилот дар ин кишвар хеле ҷиддиянд, ки толибҳо тавонанд ба танҳо онҳоро ҳал кунанд, чун танҳо як қисми ин ҷамъиятанд. Вай зарур хонд, ки дар идораи икшвар бояд тамоми ҷомеаи Афғонистон иштирок дошта бошад.
Фиристодаи Эрон мушкили амрикоиро маҳз ҳамин гуфт, ки танҳо ба як қисми ҷомеаи Афғонистон такя намуданд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан ИМА кӯшиш мекунад, ки ДОИШ *-ро ҳамчун фишанги тобеъ фишор ба кишварҳои номақбулашон ба монанди Эрон, Русия ва Чин истифода барад.
Вай дар зимн аз талоши толибҳо алайҳи ДОИШ* истиқбол карда, афзуд, ки муборизаро ҷиддӣ гирифтаанд.
Қумӣ ҳамчунин итминон дорад, ки толибҳо ба ташдиди таниш дар марзи Эрон манфиатдор нестанд.
Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти печидаии вазъ дар он ҷо, метавон тахмин кард, ки даргириҳо хеле кам рух додаанд ва онро асосан расонаҳои таҳти назорати душманони умумии Эрон ва толибҳо бузург намоиш медиҳанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия