Супориши Аҳмадзода ба масъулин: Ба танзими нарху наво дар бозорҳо аҳмият ҷиддӣ диҳед

Мақомоти вилояти Суғд талош дорад нархҳоро дар бозорҳо танзим кунад то сокинон тавонанд маводи ғизоиро бо нархи дастрас харанду барои зимистон захира намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран зимни машварати корӣ ба масъулини вилоят дар бораи танзими нархҳо дар бозорҳо дастур дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумти Суғд.
“Масъулини вилоят ро зарур аст ҳамзамон ба танзими нарху наво дар бозорҳо аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд, то мардум тавонад маводи ғизоиро барои зимистон захира кунанд”, - гуфт раиси вилояти Суғд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар рафти ҷаласа вобаста ба дигар масъалаҳо, аз қабили ҷамъоварии саривақтии андозҳо, суръатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози санаҳои фархундаву миллӣ, омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, таъмини рушди соҳаи саноат ва ғайра баррасӣ шуда, назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Бунёди 12 ҳазор иншооти гуногун дар давоми се соли оянда дар Суғд
Инчунин Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласаи ахир вобаста ба вусъати корҳои саҳроӣ, сари вақту беталаф ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи марди деҳқон ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани солгарди навбатии Истиқлоли давлатии кишвар таваҷҷуҳи хос кард.
Вай гуфт, имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят ҷамъоварии анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад.
“Масъулини соҳаро зарур аст, ки барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола, аз ҷумла пахта чораҷӯӣ намоянд”,- гуфт раиси вилоят.