Аз оғози рӯз дар мактаб ғавғои хурсанди ба назар мерасид - волидон ба хонандагони синфҳои якум, ки ҳанӯз ба реҷаи таълим, дарс ва интизом одат накарда буданд, шодӣ мекарданд ва хонандагони калонсол аллакай дар саҳни зери парчамҳои Русия ва Тоҷикистон мактаб саф кашида буданд.
Пас аз баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар саҳни мактаб хонандагон барои меҳмонони мактаб консерти хурде намоиш дода, масъулин ба омӯзгорон изҳори сипос намуда, ба хонандагони синфи аввас суханони насиҳатӣ гуфтанд.
"Албатта, қаҳрамонони асосии ҷашни имрӯзи мо хонандагони синфи якум мебошанд. Шояд аз пагоҳ шумо дигар субҳ хоб наравед ва барои ба бозӣ ва вақтхушӣ бахшидан вақти зиёд надошта боошед, аммо ба ҷои ин, шумо имкон пайдо мекунед. ки дар яке аз беҳтарин мактабҳо таҳсил кунед ва шумо дӯстони ҳақиқии зиёде пайдо кунед", - ба кӯдакон салом дод сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев.
Дар навбати худ мудири мактаб Владимир Гудков муваффакияти калони хонандагонро дар давоми як соли баъди кушода шудани мактабхои русӣ дар Душанбе кайд намуд.
"Ман рақамҳои оддиро номбар карда метавонам. Имсол фарзандони мо беш аз 2,7 ҳазор маротиба ғолиби озмуну олимпиадаҳои умумироссиягӣ гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мактаб дар сатҳи хеле баланди касбӣ таълим дода мешавад. Мо хуб дарк мекунем, ки талабот ба таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар зиёд аст”, - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки мактаби русию тоҷикии ба номи. Ю.А.Гагарин дар Душанбе 1 сентябри соли 2022 кушода шуд. Барои сохтмон аз ҷониби Русия маблағ ҷудо карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи фосилавӣ раисиҷумҳур Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд.