Президент бинои асосии Донишгоҳи тиббии Хатлонро ифтитоҳ кард

Тибқи лоиҳаи тарҳрезишудаи Донишгоҳи тиббии Хатлон дар маҷмуъ он аз 15 бино иборат хоҳад буд, аз ҷумла бинои асосӣ ва чор бинои таълимиро дар бар мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоети президенти Тоҷикистон, биноҳо бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошанд.
Манбаъ афзуд, ки санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара раисҷумҳур 31 августи соли 2016 гузошта буд.
Тавзеҳ дода шуд, ки донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.
Раҳмон дар Данғара дарси сулҳ мегузаронад
Тибқи лоиҳа дар ин ҷо 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, 4 бинои таълимӣ, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, 3 толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва клиникаи донишгоҳӣ бунёд мегардад.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, дар сурати анҷоми пурраи бунёди донишгоҳ, ки масоҳати 22 гектарро дар бар мегирад, дар он барои таҳсили зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯй шароит фароҳам мегардад.
Таъкид гардид, ки дар биноҳои таълимӣ танҳо донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 3 таълим мегиранд, донишҷӯёни курсҳои аз 4 то 6 бошанд, дар кафедраҳои клиникӣ, ки дар ҳудуди беморхонаҳои клиникӣ ҷойгиранд, фанҳои тахассусӣ - касбиро аз худ мекунанд.