ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардидаст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни дарси сулҳ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара баён дошт.
Президент гуфт, вақтҳои охир, бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои "ҷанги сард" ва гузариши он ба "марҳалаи гарм" дар минтақаҳои гуногуни дунё ҳаёти инсонятро зери хатар қарор додаанд.
"Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад", - таъкид намуд ӯ.
Вай зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд ва моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд.
Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем, афзуд ӯ.
Раисҷумҳур гуфт, Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад.