ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ дар соли равон изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара гуфт, аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтааст.
"Солҳои охир ба таври зарурӣ иҷро нагардидани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбии мамлакат ба як масъалаи нигаронкунанда табдил ёфтааст", - таъкид кард Раҳмон.
Вай афзуд, ки вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад.
Раисҷумҳур нишондиҳандаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хуб гуфтааст, аммо дар умум ғайриқаноатбахш гуфтаст.
"Масалан, дар ВМКБ аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидааст, ки ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест", - изҳор доштаст ӯ.
Президент роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки якҷоя бо масъулини бахш натиҷаҳои имтиҳони қабулро дар ҳар як муассисаи таълимӣ таҳлил кунанд.
Аз ҷумла дастур дод, ки фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф аз рӯйи сатҳи дониш ва натиҷаи дар имтиҳоноти қабул нишондодаи шогирдони онҳо арзёбӣ карда шавад.