Дар вилояти Брянск як гурӯҳи террористие, ки иборат аз кормандони Хадамоти амнияти Украина, ҳамчунин афсарони хадамоти иктишофӣ ва нерӯҳои вижа буд, нобуд карда шуданд.
Амалиёти низомиро нирӯҳои амниятии Русия дар якҷоягӣ бо Горди миллӣ ва нирӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ анҷом доданд.
Ин гурӯҳ аз ҳафт нафар иборат буд, ки ду нафари онҳо нобуд карда шуданд. Панҷ нафари дигар боздошт ва се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Тибқи наворҳое, ки мақомоти интизомии Русия расонаӣ кардааст, аъзои ин гурӯҳ бо худ аслиҳаи сохти Амрико доштанд, ҳамчунин онҳо бо худ маводи таркандаи пурқудрат ва захираи зиёди тир ва муҳимоти ҷангӣ доштаанд.
Тахрибкорони украинӣ ҳадаф доштанд, ки як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористиро дар мавзеъҳои мухталифи Русия анҷом диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин онро "ҳифозати одамоне, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" номид.