63 ба ҷои 350: барномаи бунёди кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон иҷро нашуд

Тибқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 бояд сола дар ҷумҳурӣ 100 муассиса бунёд гардад, ки иҷро нашуда истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар муддати сеюним соли охир аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат танҳо дар 32 шаҳру ноҳия ҳамагӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш дар Данғара иттилоъ дод.
Ӯ аз иҷрои ғайриқаноатбахши Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 гуфт, ки бештар ба кори мақомоти шаҳру вилоятҳо дахл дорад.
"Мувофиқи барнома ҳар сол аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ бояд 100 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шавад", - гуфт ӯ.
Теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон қариб 1 млн нафар афзудаст
Раҳмон таъкид кард, ки кӯдаки дар муассисаи томактабӣ ба таълиму тарбия фарогирифташуда барномаи мактабиро беҳтар аз худ мекунад ва доираву сатҳи тафаккураш аз дигар ҳамсолонаш ба таври назаррас фарқ дорад.
Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар кишвар 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103 ҳазор нафар ва беш аз 2,1 ҳазор Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор кӯдак фаъолият дорад, ки ҳамагӣ 16%-и кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Президент дастур дод, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак такмил дода шаванд ва то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то 50% расонида шавад.