Барои Тоҷикистон шароити интиқоли евро ва доллар дар Русия тағйир хоҳад ёфт

Интиқоли пул бо рубл ҳам аз Федератсия Русия ба Тоҷикистон ва ҳам баръакс идома хоҳад ёфт, таъкид кард хадамоти матбуоти низоми пардохт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Як бонки Русия шартҳои интиқоли пул барои Тоҷикистонро тағйир дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкат гузориш медиҳд.
Сухан сари "Юнистрим" меравад, ки он минбаъд ҳам аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс интиқоли евро ва долларро қатъ мекунад.
Бо вуҷуди ин, амалиёт бо рубл идома хоҳад ёфт, таъкид кард хадамоти матбуоти низоми пардохт.
"Баъд аз 30 сентябри соли 2023 баргардонидани интиқолҳои бо доллар ва евро фиристодашуда имконнопазир хоҳад буд", - изҳор дошт созмон.
Аз ин рӯ, агар муштариён қаблан интиқолеро фиристода бошанд, ки бо ягон сабаб гирифта нашуда буд, метавонанд барои баргардонидани интиқол то 30 сентябр муроҷиат кунанд, мегӯяд "Юнистрим".
Қаблан бонки ВТБ-и Русия барои шахсони воқеӣ имкони интиқоли пул тавассути рақами телефон ба Тоҷикистонро роҳандозӣ карда буд.
Муайян карда шудааст, ки дар як рӯз то 50 ҳазор рубл интиқол дода мешавад, ҳадди ниҳоии иҷозатдодашуда дар як моҳ 300 ҳазор рубл аст.
Бонки русӣ интиқоли пул ба Тоҷикистонро бо рақами телефон имконпазир кард
Ёдовар мешавем, ки интиқоли пул аз Русия ба як қатор кишварҳои пасошӯравӣ чанд маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми рекордии пул аз Федератсияи Русия ба кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон интиқол дода шудааст.