ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли хониш дар пойтахти кишвар дар маросими ифтитоҳи гимназияи хусусии “Қалам” ва муассисаи таълимии хусусии “Саидумар” иштирок намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Бин бар иттилои манбаъ, раҳбари кишвар ҳамроҳ бо мири шаҳр дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам”-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур 4-ошёна буда, барои 650 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст.
Президенти кишвар Тоҷикистон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин муассисаи нави соҳаи маориф ба масъулин барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани хонандагон, омӯзиши илмҳои замони муосир ва баланд бардоштани малакаи забондонии ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳо додааст.
Дигар иншооте, ки ба соҳаи маориф дахл дорад аз сӯйи раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе дар маҳаллаи навбунёди рақами 2, ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.
Дар ин минтақа бинои нави Муассисаи таълимии хусусии “Саидумар” мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин муассисаи таълими барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мактаб аз ҷониби соҳибкор Рустам Саидов бунёд гардидааст.
Иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар мактаб шароитҳои хуби дарсомӯзӣ муҳайё гардида,
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити таълим ва имконоти дарсомӯзӣ, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати соҳибкори ҷавон Рустам Саидовро намунаи ибрат арзёбӣ кард.
Сарвари давлат барои дастгирии иқдомоти Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ба соҳибкор изҳори сипос намуда, бунёди муассисаи таълимиро дар ин маҳаллаи навбунёд муҳим хонданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба маорифчиёни пойтахт дастур дод, ки аз шароитҳои мавҷуда васеъ истифода намуда, барои дар рӯҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд дошта бошанд ва бад-ин васила саҳми худро дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки соҳибкор Рустам Саидов тасмим гирифтааст соли оянда дар шафати бинои таълимӣ боз як муассисаи томактабиро барои 600 кӯдак ба истифода диҳад.