ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар дидор бо мудири ширкати “Глобал конект синерҷи Pvt Ltd”-и Покистон Ризошед Муҳаммад Аббос насби таҷҳизоти гуногуни ҳозиразамони назоратиро баррасӣ намуданд.
“Раиси шаҳри Панҷакент директори ширкати “Глобал конект синерҷи Pvt Ltd”-и Покистон ва ҳамроҳонашро, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ, ки ба Тоҷикистон омаданд ва намояндагони ҳамкорони тоҷикистонии онҳо – КВД “ Тоҷинвест”-ро ба ҳузур пазируфт”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардид, ки дар ҷараёни сӯҳбат гуфта шуд, ки ширкати мазкур дар насби таҷҳизоти гуногуни ҳозиразамони назоратӣ дар доираи барномаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва “Шаҳри бехатар” корҳои зиёдеро дар Покистон ва дигар мамлакатҳо ба ҷо овардааст.
Мақомоти Панҷакент қайд карда шудааст, ки ҳукумати шаҳр омодааст пешниҳоди ширкатро омӯхта, дар ин замина ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Ҳукумати Панҷакент таъкид кардааст, ки сиёсати "дарҳои боз"-и пешгирифтаи мақомоти кишвар имкон фароҳам меорад, ки бо мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ба роҳ монда шаванд.