Мақомдори собиқи БҶ мегӯяд, ки тавсеаи БРИКС маънои сарнагунии долларро надорад

Собиқ мақомдори Бонки Ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки тавсеаи ҷуғрофиёи БРИКС ба имконест барои рушду шукуфоии кишварҳои рӯ ба тараққӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тавсеаи БРИКС ба ҳавасмандгардонии тиҷорат ва аз байн бурдани монеаҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ нигаронида шудааст.
Дар ин бора Роҷерио Стударт, собиқ директори иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Байниамрикоии Рушд дар мусоҳиба бо РИА "Новости" гуфт.
Ба гуфтаи вай, ин ҳадафи “сарнагун кардани” доллар аз мавқеъи пули бартари ҷаҳонро надорад.
Ҳафтаи гузашта дар Йоҳанесбург нишасти БРИКС баргузор шуд, ки дар пайи он раҳбарон он тасмим гирифтанд, ки Аргентина, Миср, Эрон, Эфиопия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудиро ба узвияти комилҳуқуқи ин паймон даъват кунанд.
Ба таври расмӣ, тавсеаи гурӯҳ 1 январи соли 2024 сурат мегирад.

"Фикр намекунам, ки ҳадафи тавсеаи БРИКС сарнагун кардани доллар буд, балки боварӣ ҳосил кунем, ки ин иттиҳодия метавонад ба молия ва тиҷорат дастрасӣ дошта бошад, ки доллар бо сабабҳои гуногун таъмин намекунад", - гуфт вай.

Вай ба унвони мисол аз Аргентина ёдовар шуд, ки дорои манобеъи табиии қобили мулоҳиза аст, аммо бори гарони қарз ҳам дорад ва аз ин рӯ, барои адои қарзаш ба воридоти пули Амрико ниёз дорад.
"Аз ин рӯ, расидан ба тавофуқе, ки ба Аргентина ё дигар кишвари рӯ ба тараққӣ имкон медиҳад, то рушди тиҷорат, эҷоди ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармоягузориро бидуни истифода аз пули камёб ва назораткунанда идома диҳад, роҳи ҳал аст", - гуфт собиқ роҳбари Бонки Ҷаҳонӣ.
Фоҷиаи ҷаҳони куҳан: БРИКС ду баробар зиёд мешавад
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи ахири созмон президенти Русия ба таври онлайнӣ ширкат карда, аз тавсеаи он пуштибонӣ намуд ва гуфт, ки “БРИКС бо касе рақобат намекунад”.
Ҳоло БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад.