Сафири Афғонистон: Толибон* таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя ҳастанд

Дар дидори намояндагони низомии кишварҳои гуногун бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ташаннуҷи вазъи геополитикӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ахиран мақомоти аршади низомии Ҳинд, Бутон, Бангладеш, Непал, Австралия таҳти раёсати генерал Мукеш Агрвол, бо ҳамроҳии сафири Ҳинд дар Тоҷикистон Вирҷ Синг бо сафири Афғонистони Зоҳир Ағбар дар Душанбе дидор карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе хабар дод.
Ба иттилои сафир, дар ин мулоқот дар мавриди вазъи сиёсӣ ва амниятии минтақа, мавзуи сулҳу субот дар Афғонистон, нақзи пай дар пайи ҳуқуқи башар, авзоъи мубҳами занон ва ояндаи Афғонистон суҳбату табодули назар суат гирифт.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот таъкид гардид, ки ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ таҳти раҳбарии толибон* на танҳо таҳдид дар баробари Афғонистон, балки дар муқобили кишварҳои ҳамсоя ва минтақа низ мебошад.
Ҳушдори ниҳодҳои байналмилалӣ аз бадтар шудани авзоъи зиндагӣ дар Афғонистон
Дар ин дидор тарафҳо аз нақзи ҳуқуқи башар, мамнуъияти таълимӣ ва таҳсилии духтарон, эҷоди мадрасаҳои ҷиҳодӣ, қатлҳои беравия дар режими толибон* ва густариши рӯзафзуни фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба унвони намунае аз чолишҳоу хатарҳое, ки бо гузашти ҳар рӯз печидатар мегардад, ном бурда шуданд.
Зоҳир Ағбар қайд кардааст, ки дар ин мулоқоти ҳама таъкид намуданд, ки адами тавваҷӯ ҳ ба вазъияти Афғонистон ба яқин, ки таъсии мустақим бар авзоъи кишварҳои ҳамсояу минтақа низ хоҳад кард.
*-созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.