Нақлиёти Душанбе ба афзоиши мусофирон аз 1 сентябр омода аст?

Ноиби раиси пойтахти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки бо оғози соли нави хониш чун анъана талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба маротиб афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт омодагии соҳаро дар пойтахт ба афзоиши теъдоди мусофирон баррасӣ намуд.
Ба иттилои корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон", дар ҷаласа муовини раиси шаҳр, Душанбе Фирдавс Саидзода таъкид намуд, ки чун ҳамасола бо оғоз гардидани соли нави хониш шумраи мусофирон бо маротиб зиёд мегардад.
"Аз ин лиҳоз роҳбарони корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахтро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии мусофирон бо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин давра тадбирҳои иловагӣ андешанд", - гуфт ноиби раиси Душанбе.
ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад
Вай таъкид намуд, ки масъулин бояд тибқи талабот баромади воситаҳои нақлиётро ба хатҳои сайр таъмин намоянд.
Саидзода ҳамчунин муҳим хонд, ки шахсони масъул фаъолияти ронандагонро дар хатҳои сайр, махсусан дар соатҳое, ки теъдоди мусофирон махсусан зиёд аст, зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дастур дода шудааст, ки ба ҳолати техникӣ, санитарӣ, ҷадвали ҳаракат, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт ва сару либоси ронандагон диққати авалиндараҷа дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз 1 сентябр соли нави хониш оғоз мегардад ва аз ҳисоби талабаҳо ва донишҷӯён талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳӣ, махсусан Душанбе зиёд мегардад.