ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи байналмилалии Салиби сурх барои Афғонистон Илви Филин ахиран дар баёнияе зимни таъкид бар идомаи кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон эълом кард, ки нисфи ҷамъияти ин кишвар ба ғизо ва хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.
Оқои Филин бо ишора ба ин, ки нисфи мардуми Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, афзуд, шумори бисёре аз кӯдакони дучори сӯйтағзия ҳастанд, афроде, ки узве аз баданашонро аз даст додаанд ва хониводаҳои беморе, ки дар шабҳои сахти зимистон ба кумак ниёз доранд, аммо дар шароити кунунӣ ба теъдоди каме аз онҳо кӯмак мешавад кард.
“Бидуни ҳимоят ва сармоягузорӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, милюнҳо кӯдаку зан ва мард дар Афғонистон бо мушкилоти фаврии таҳдидкунанда дар зиндагии рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”, - гуфт намояндаи Салиби сурх.
Масъули минтақаии Кумитаи Салиби сурх барои Осиё ва Уқёнус низ пештар гуфта буд, бо вуҷуди талошҳои зиёд созмонҳои башардӯстонаи зарфияти посухгуӣ ба ниёзмандиҳои рӯз афзӯни мардуми Афғонистонро надоранд.