Афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони Русия ба Эрон, Куба ва Саудӣ

Таҳлили боздидҳои сайёҳони Русия нишон додаст, ки талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ ба маротиб боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Талабот ба сафарҳои тобистона ба Эрон ва Арабистони Саудӣ дар як соли охир 2,2 баробар бештар шудаст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, сафари русиягиҳо ба Аморати Муттаҳидаи Араб бо вуҷуди 40 дараҷа гармии рӯзонаи ҳаво дар Дубай, Шарҷа ва Абу-Дабӣ, 37% афзоиш ёфтааст.
Дар самти Шарқи Наздик ва Миёна русиягиҳо бештар ба истироҳат дар Эрон (+115%) ва Арабистони Саудӣ (+123%) таваҷҷӯҳ кардаанд.
Аз рӯи шумораи умумии сайёҳони русиягӣ, Шарқи Наздик ва Миёна аз кишварҳои Аврупо пеш гузаштааст.
Гуфта мешавад, ки ҷараёни сайёҳон ба Аврупо низ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, самтҳои писандидаи фароғати тобистона дар ин қисмати ҷаҳон аз Италия бо 43% афзоиш дар муқоиса бо тобистони соли 2022, Испания (+36%), Фаронса (+33%), Олмон (+33%) мебошанд.
Эълони озмун миёни хадамотрасонҳо дар бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Теъдоди сайёҳони русиягӣ дар Туркия нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27% ва дар Юнон 25% афзоиш ёфтааст.
Таваҷҷӯҳи русиягиҳо ба Африқо ба таври назаррас зиёд шудааст. Аз ҷумла Тунисро русиягиҳо нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар бештар боздид кардаанд.
Шумори сайёҳон дар Миср, ки маъруфияташро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додаст, тобистони соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176% бештар шудааст.
Миср, ки тобистони соли гузашта аз рӯи маъруфият дар байни русиягиҳо дар ҷои ҳафтум буд, мавсими соли 2023 ба панҷгонаи маъруфтаринҳо шомил гардидаст.
Сафари русиягиҳо ба Куба назар ба мавсими соли гузашта 16 баробар ва ба Венесуэла бештар аз чор баробар афзоиш ёфтааст.