ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Фаластин Риёз Ал-Моликӣ дар Душанбе дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар гузориш медиҳад.
Дар оғози мулоқот кишвардори Тоҷикистон Риёз Ал-Моликиро хайрамақдам гуфта, дар робита ба ифтитоҳи расмии сафорати Фаластин дар Душанбе табрику муборакбодӣ намудааст.
"Зимнан, таъкид гардид, ки ин иқдом ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир хоҳад кард",- афздудааст манбаъ.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷаонибҳо маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаластинро баррасӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдори аз густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо таъкид кардааст.
Ҳамзамон бо ин, тавсеаи тамосҳои корӣ байни вазорату ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ба суди кор дониста шуда, самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тиб аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Дар поёни дидор раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми бародари Фаластин сулҳу субот ва пешрафту шукуфоӣ орзу намудаст.