ИИАО нақлиёти барқиро рушд медиҳад

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё санади ҷадидеро қабул кард, ки ба рушди инфрасохтори нақлиёти барқӣ дар қаламрави кишварҳои узв нигаронда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тавсияномаи ташкил ва рушди инфрасохтори нерӯдиҳанда ва хидматрасонии техникии нақлиёти барқии автомобилиро дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қабул гардид.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё санади мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовара пазируфта шуд.
Вазири саноату хоҷагии қишлоқи Комиссияи иқтисоди АвруОсиё, Артак Камалян ҳуҷҷати мазкурро дар барои рушди худравҳои барқӣ муҳим хонд.
"Қабули ин тавсия равишҳои минбаъдаро ба рушди муштараки инфрасохтори нерӯдиҳанда барои нақлиёти барқӣ дар кишварҳои мо муайян мекунад", - гуфт ӯ.
Тоҷикистон воридоти худравҳои барқиро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод
Ба гуфтаи Камалян, санад ба кишварҳои узв тавсия медиҳад, ки ҳамкорию ҳамоҳангиро дар ин самт тақвият бахшад.
"Сухан сари ҳавасмандгардониҳо барои ташаккули хидматрасониҳои техникӣ, инфрасохтори нерӯдиҳанда ва тавлиди дастгоҳҳои зарурӣ дар қаламрави кишварҳои узв меравад", - изҳор дошт ӯ.
Дар назар аст, харитаи муштараке бо зикри макони иншооти зарурӣ барои нақлиёти барқӣ таҳия карда шавад.
Табодули таҷриба, ташкили лоиҳаҳои муштарак, татбиқи якҷоя, оммавигардонии истифодаи худравҳои барқӣ аз бахшҳои дигари ин тавсиянома мебошад.
Солҳои охир ба далели нисбатан кам зарар доштани худравҳои барқӣ барои муҳити атроф таваҷҷӯҳ ба ин навъи воситаҳои нақлиёт дар ҷаҳон майли афзоиш дорад ва ин раванд дар сатҳи давлатҳо дастгирӣ меёбад.