ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сафорати Фаластин дар Тоҷикистон дар ҳузури вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ифтитоҳ гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.
Вазири корҳои Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳи сафоратро омили густариши равобит ва ҳамкории густурда байни ду кишвари дӯст хонд.
Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин Риёз Ал-Моликӣ изҳори умедворӣ кард, ки фаъолияти сафорати кишвараш дар Душанбе барои тавсеи равобит дар ҳамаи заминаҳо таъсиргузор хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки Риёз Ал-Моликӣ дар доираи сафараш ба Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Инчунин машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Фаластин баргузор гардиданд.
Машваратҳои сиёсӣ бо имзои се санад, аз ҷумла созишномаи ҳукуматҳоши Тоҷикистону Фаластин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ва созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар ба имзо расиданд.