Афзоиши воридоти мол ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавасути мошинҳои боркаш ва қатор

Гардиши молу коло миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар моҳҳои январ-июли соли равон тавассути роҳи автомобилгард аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба маблағи 20 миллиону 884 ҳазор доллар коло ворид шудааст.
Дар ин бора хабаргузории Trend дар истинод ба Идораи омори Гурҷистон (Geostat) хабар додааст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон воридоти худро аз Гурҷистон тавассути роҳи оҳан низ афзоиш додааст.
“Ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан 994 ҳазору 230 долларро ташкил дод, ки нисбат ба натиҷаҳои моҳҳои январ-июли соли 2022 (405,5 ҳазор доллар) 2,4 маротиба зиёд аст”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, воридот ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавассути ҳавопаймо 255 ҳазору 150 долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои соли гузашта (309 ҳазор доллар) 17,4 дарсад камтар аст.
Аҳмадзода хостори се баробар афзоиш додани гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон шуд
Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7,8 млн доллар) 81% афзоишро нишон медиҳад.
Дар ин муддат тавозуни тиҷории Гурҷистон бо Тоҷикистон наздик ба 23 млн долларро ташкил додааст.