ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон боронҳои шадиди шоми 27 август дар пай на танҳо хисороти зиёди молӣ балки ҷонӣ ҳам барҷой гузоштааст.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар дар пайи оaати табиӣ 13 тан ҳалок шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон асосан сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ будаанд.
"Бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин мусибат, президент Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намудаст.
Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш дод, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кӯмак расонанд.
Ҳамчунин дастур додааст, ки доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Тибқи гузоришҳо, боронҳои шадид дар баробари ин ду минтақа дар пойтахт низ шадид буд, ки хонаҳоро зери об кард.
Ҳамчунин, дар пайи ин ҳодиса, ки ба дунбол сел низ дошт дар ноҳияи Варзоб роҳҳоро шуст, ки ҳаракат дар ин масир маҳдуд гашт.