Пешниҳоди Белорус дар бораи ташкили нишасти муштараки БРИКС, СҲШ ва ИИАО

Мақомоти Белорус талош дорад кишварҳои узви созмонҳои СҲШ, ИИАО ва БРИКС-ро муттаҳид намояд ва ба ҳамин хотир мехоҳад нишасти муштараки созмонҳоро ташкил намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти Белорус пешниҳод кардааст, ки нишасти муштараки кишварҳои узви БРИКС, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва СҲШ ташкил шавад.
Ин пешниҳодро вазири корҳои хориҷии Белорус Сергей Алейник зимни мусоҳибааш дар телевизиони ОНТ баён намудааст.
Вазири корҳои хориҷии Беларус ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва БРИКС аз рӯи ташкили худ иттиҳод мебошанд.
"Инҳо иттиҳодияҳои давлатҳои ҳамфикри дӯстона ҳастанд, ки барои рушд ягонагиро пайгирӣ мекунанд ва албатта, ҳамгироии ин сохторҳо метавонад равандҳои бунёди ҷаҳони одилона ва фарогирро суръат бахшад", - гуфт Сергей Алейник.
Минск аз кишварҳои узви ИИАО даъват кард якҷо бо таҳримҳо мубориза баранд
Вазир қайд кард, ки президент Александр Лукашенко, дар моҳи декабри соли гузашта дар нишасти сарони Иттиҳодия иқтисодии АвруОсиё дар Бишкек дар бораи омодагӣ ва баргузории нишасти БРИКС – ИИАО ва СҲШ пешниҳод карда буд.
“Мо итминон дорем, ки чунин ташаббус дастгирӣ меёбад. Умедворем ба раҳбарони ин иттиҳодияҳо ин иқдом имкон медиҳад, ки рӯзномаи муттаҳидкунандаро, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои тиҷорат, некуаҳволии шаҳрвандонамон ва рушди кишварҳоямон мусоидат менамояд, баррасӣ намоянд”, — таъкид кард вазир.