Нисфе аз Душанбе беоб монд: сабаб

Корхонаи "Обу корези Душанбе" аз истиқоматкунандагони шаҳр дархост кардааст, ки ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Сар аз субҳ дар як қатор навоҳии пойтахт дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мутаваққиф шудааст.
Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки об умуман нест ва аз ниҳодҳои марбута хостаанд, ки мушкилро зуддат ҳал кунанд.
Аммо КВД "Обу корези Душанбе" дар як иттилоияе аз қатъи обрасонӣ чизе нагуфта, аммо таъкид кардааст, ки бинобар сабаби боридани боронҳои шадид ва баланд гардидани тирагии об дар канали деревиатсионии Варзоб фишори об паст мешавад.
Ба иттилои манбаъ, чунин ҳолат ба шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи Сино то дарвозаи Ҳисор ва кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поён- Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман дахл дорад.
1 / 3
Тозасозии канали деревиатсионии Варзоб
2 / 3
Ташхиси оби Душанбе пас аз боронҳои шадид
3 / 3
Маҳалли тозасозии оби нӯшокии Душанбе
Гуфта мешавад, ки чунин ҳолат ба кӯчаҳои Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоб -и ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода , Нисор Муҳаммад,Чехова кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, Х. Мирзо Турсунзода , М. Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур низ сурат мегирад
"Ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида мешавад", - афзудааст манбаъ.
КВД "Обу корези Душанбе", аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки ба таҳлука наафтанд ва вазъиятро дуруст дарк намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳавои номусоиди шаби 27 август махсусан дар пойтахт ва навоҳии атрофи он хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт.
Ҳавошиносон гуфтанд, Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст
Оби Душанбе, ки асосан аз дарёи Варзоб сарчашма мегирад, дар ин самт фаромадани сели азим ва ярч сабт шуд.
Ба гузориши КҲФ офати табиӣ, дар километри дар километри 21-ум ва 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сар зад, ки боиси тирагии об гардид.